💦💦💦💦💦#ГИРЯ_МАКУН 💦💦💦💦💦
Розҳои дили ту ҳамсафарам, гиря макун,
Ояти шеъри манию ҷигарам, гиря макун.
Ҳар гаҳе шиква кунӣ, Шед ту кай меойӣ?
Дил бихоҳад, ки ба сӯят бипарам, гиря макун.
Ту, ки ҳамрози манию ҳама шаб банди туям,
Чу бигардам, ту набоши ба барам, гиря макун.
Ту ба сад мушкилиҳо роҳи маро мепоӣ,
Ки ҳама рӯз ба ёдат сипарам, гиря макун.
Гоҳ девори хаёлам бикашад, чеҳраи ту,
Ба ҳавас рӯи накӯят нигарам, гиря макун.
Зи Худоям талабам, ними ҳаётам бошӣ,
Ояти ишқаму файзи саҳарам, гиря макун.
ХУРШЕД УМАРЗОДА.