Биё, ки абри дидаам ба гиря моил аст,
Биё, ки узв-узви ман ба роҳи ту ҳама дил аст.
Биё, ки ман ҳавойро чу шишаҳо
Шикаставу ба кулбаи ту меравам.
Биё, ки ман ба боли абри осмон
Чу дар фасонаҳо нишаставу
ба кулбаи ту меравам.
Дилам, ки аз қарибу дӯстон гирифтааст,
Дилам зи сардмеҳрии ҷаҳон гирифтааст.
Биё, мани димоғсухтаро
Ба сояҳои зулфи худ бигир як замон.
Ба рағми бевафоиҳо ба сӯи ман
Биё чу қаҳрамон.
Биё, умедҳо чу кафтари сафед
Маро зи умқи дидаҳо паридааст.
Биё, ки офтоби умри ман
Ба сояи ғуруби худ расидааст.
Биё, ки ман зи баъди сад ҳазор шоирони хушбаён
Чу ҳарзагӯй мезанам қалам.
Ба чашмҳои обиат қасам,
Биё, ки ман ҳавойро чу шишаҳо
Шикаставу ба кулбаи ту меравам,
Биё, ки ман ба боли абри осмон
Чу дар фасонаҳо нишаставу
ба кулбаи ту меравам.