Дар ин дунё туро дорам
Бародар дар барам боши
Ки бошад чун ту ғамхорам
Бародар дар барам боши
Камаст дусте ки дар сахти
Бигирад дасти дусти худ
Ба сахтиву ба хориям
Бародар дар барам боши
Туро узве ба дард ояд
Маро он узв дарманд аст
Туи ҷонам туи хунам
Бародар ҳам танам боши
Бубин дар роҳи симу зар
Бародар хон бисёраст
Ману ту як ҷигар ҳастем
Бародар дар барам боши
Агарчи қиматаст фарзанд
Ҳам хешу ҳам пайвад
Ману ту дигаре ҳастем
Бародар гавҳарам боши
Агар пурсанд маро лоиқ
Ки бошад беҳтар аз ҷонат
Бародар ман туро гуям
Ту ҳамчун тоҷи сар ҳасти